Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон ҳукми Давлатмурод Тоҷимуродовро бетағйир гузошт


Додгоҳи олии Узбекистон дархости тағйири ҳукми гумонбари асосии ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон Давлатмурод Тоҷимуродовро, ки 16 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, рад кард.

Сергей Майоров, вакили дифои Тоҷимуродов гуфт, аз додгоҳ дархост карда буданд, ки ҳукми шахси зери ҳимояи ӯ ба далели "беасос, ғайриқонунӣ ва ноадолатона будан" иваз карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Тоҷимуродов бидуни асос ҷиноят ҳисобида шудааст.

Додрас ҳамчунин иҷозат надодааст, ки Тоҷимуродов дар мурофиа онлайнӣ иштирок кунад.

Додгоҳи шаҳри Бухорои Узбекистон рӯзи 31-уми январи соли гузашта ҳукми 22 тан аз иштирокдорони эътирозҳои Нуқусро эълом кард. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд. Ҳамчунин 15 гумонбари дигар аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG