Ссылки доступа

Лаҳистон узбекистонии гумонбар дар ҳамла ба украиниҳоро озод кард


Шаҳрванди Узбекистон Машҳурбек Қосимҷонов, ки бо гумони ҳамла ба ду навраси украинӣ дар шаҳри Варшава боздошт гашта буд, озод шудааст.

Бино ба иттилои сафорати Узбекистон дар Лаҳистон, Қосимҷонови 26-сола ба пулис шикоят кардаааст, ки наврасони украинӣ дар боғи Бродненски Варшава ба ӯ ҳамла кардаанд.

Дар видеое, ки сафорати Узбекистон нашр кард, Машҳурбек Қосимҷонов мегӯяд, чанд навраси украинӣ ба ӯ ҳамла карданд ва вай ҳангоми дифоъ аз худ яке аз онҳоро сахт захмӣ кардааст.

Қаблан нашрияи "Wyborcza" иттилоъ дода буд, ки як ҷавон аз Узбекистон 22 июл ду навраси 15-солаи украиниро бо корд захмӣ кардааст. Пулиси Варшава ҷавони узбекро боздошт ва алайҳаш парванда боз карда буд.

XS
SM
MD
LG