Сметови 31-сола варзишкори фаронсавӣ Лукой Мхеидзеро шикаст дод. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони секаратаи Аврупо Франсиско Гарригос пирӯз шуд. Сметов пеш аз роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ варзишкорони нидерландӣ, украинӣ ва тайваниро шикаст дода буд.
Ин севумин медали олимпии Сметов аст. Ӯ дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро медали нуқра ва дар Токио медали биринҷиро ба гардан овехта буд.
Қаблан Варзишгарон аз Қазоқистон - Александра Ле ва Ислом Сатпаев дар тирандозӣ ба масофаи 10 метр аз туфангчаҳои омехтаи пневматикӣ медали биринҷии Бозиҳои олимпии Парижро ба даст оварданд. Бори аввал аст, ки Қазоқистон дар тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ иштирок мекунад.
Рӯзи ҷумъаи 26-уми июл дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ифтитоҳ шуд. Аз Қазоқистон дар ин мусобиқаҳо 80 варзишгар иштирок мекунад.