Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафар кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл ба Эрон сафар кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмонро "боздиди корӣ" хонд, вале шарҳи бештар надод.

Аммо тибқи эълони расонаҳои давлатии Эрон, имруз маросими савгандёдкунии Масъуди Пизишкиён, президенти мунтахаби он кишвар доир мешавад ва сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар ҳамин чаҳорчуба сурат мегирад.

Масъуд Пизишкиён, намояндаи ислоҳталабон, дар аввали моҳи июл дар даври дувуми интихоботи президентии Эрон ба рақибаш, номзади муҳофизакор Саид Ҷалилӣ, пирӯз шуд.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Эрон пас аз марги Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, баргузор шуд.

Раисӣ ва чанд ҳамроҳаш дар моҳи майи соли 2024 ҳангоми афтодани чархбол ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG