Ба иттилои оҷонс, дар шашмоҳаи аввали соли равон зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Узбекистон барои иқомати доимӣ ба кишварҳои хориҷ рафтааст. Узбекистониҳо аз ҳама бештар (81,5%) ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Русия ва Қирғизистон дар миёни кишварҳое, ки узбекистониҳо онҳоро барои зисти доимӣ интихоб кардаанд, мутаносибан дар мақоми дувум ва севум қарор доранд.
Дар шаш моҳи аввали соли равон 1080 шаҳрванди хориҷӣ барои зисти доимӣ ба Узбекистон рафтаанд. Аз ин миён, 36,1%-ро русиягиҳо ва 24,1%-ро қазоқистониҳо ташкил медиҳанд.