Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён, президенти тозаинтихоби Эрон, мулоқот анҷом дод ва ду тараф ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, гуфтаанд, ки табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон дар чанд соли охир 5 маротиба афзудааст ва аз байн бурдани раводиди сафар миёни ду кишвар метавонад тиҷорату ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон суҳбат кардааст, ки сухани ниҳоӣ дар сиёсатҳои ин кишвар аз ӯст.
Зимни дидор ду тараф дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва масоили байнулмилалӣ ва авзои минтақа гуфтугӯ доштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва ё порлумони Эрон суҳбат кардааст.
Робитаҳои Тоҷикистону Эрон то аввали соли 2021 бисёр печидаву сард буд ва дар остонаи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар моҳи августи ҳамон сол тағйир ёфт ва рӯ ба беҳбудӣ овард.