Ссылки доступа

Додгоҳҳои Қазоқистон рӯймолбандии хонандагонро иҷозат доданд


Додгоҳҳои чандин вилояти Қазоқистон тасмими маъмурияти мактабҳоро, ки хонандагонро бо рӯймол ба дарсҳо роҳ намедиҳанд, ғайриқонунӣ номидаанд.

Волидони Анел Мусиной, хонандаи 13-сола аз Қарағандаи Қазоқистон дар баҳси додгоҳӣ бо мудири мактаб, ки фарзанди онҳоро ба далели ба дарсҳо наомадан баъд аз манъ шудани рӯймол хориҷ карда буд, пирӯз шуданд.

Додгоҳ маъмурияти Мактаби зеҳнии Назарбоевро вазифадор кардааст, ки хонандаро дар синфи 8-ум барқарор кунад, зеро қарори ихроҷи ӯ ғайриқонунӣ мебошад.

Додгоҳи вилоятҳои Павлодар ва Алматои Қазоқистон низ ба фоидаи хонандагоне, ки рӯймол мебанданд, ҳукм содир карда, аз маъмурияти мактабҳо хостаанд, онҳоро ба дарсҳо роҳ диҳанд.

Дар Қазоқистон чанд сол пеш маъракаи зидди пӯшидани ҳиҷоб роҳандозӣ шуд. Мақомоти он кишвар гуфтанд, манъи ҳиҷоб дар мактбаҳо барои мубориза бо тундгароӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG