Ссылки доступа

Дар Русия амалиёти "Нелегал" оғоз мешавад


Намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Қирғизистон Жандарбек Айтназаров иттилоъ дода, ки дар боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷии "Сахарово" дар шаҳри Маскав 78 шаҳрванди ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни боздоштшудаҳо бонувон ҳам ҳастанд ва баъзе аз қирғизистониҳо аллакай 5 моҳ мешавад, ки дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд.

Айтназаров гуфтааст, ин муҳоҷирони қирғизистонӣ ба хотири қарздорӣ ё дар робита ба парвандаҳои ҷиноие, ки алайҳашон боз шудааст, дастгир гаштаанд.

Намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Қирғизистон афзуда, ки моҳи сентябр дар Русия амалиёти "Нелегал" оғоз мешавад. Вай аз қирғизистониҳо даъват кардааст, ки муваққатан ба Русия нараванд.

Ба иттилои Айтназаров, соли 2023 аз боздоштгоҳи "Сахарово" ҳудуди 1400 қирғизистониро ба ватан ихроҷ кардаанд. Дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 2800 муҳоҷири қирғиз ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG