Фазлиддин Парпиев, ки аз моҳи декабри соли 2018 дар хориҷ ба сар мебарад, гуфт, бародарашро 1 августи имсол дар иҷро накардани талаби қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муқобилият нишон додан гуҳакор донистаанд.
Ҳамроҳи ӯ чаҳор каси дигар низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Ба гуфтаи имомхатиби пешини узбек, бародари ӯ гумонбарони дигарро намешиносад ва 1 август ӯ бояд кудаконашро ба боғча мебурд, вале кормандони пулис вайро ба бозпурсӣ бурда, кудакон дар мошин танҳо мондаанд.
Фазлиддин Парпиев то моҳи сентябри соли 2018 имомхатиби масҷиди ҷомеи "Омина"-и Тошканд буд. Ӯро баъди як муроҷиати видеоияш ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кшварро дар нақзи озодиҳои динии шаҳрвандон муттаҳам кард, аз мақом барканор карданд.
Парпиев дертар гуфт, додситонии Узбекистон моҳи декабри ҳамон сол аз ӯ талаб кард, ки дигар дар мавзуъҳои сиёсӣ чизе нанависад ва вай дертар маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад.