Ссылки доступа

Дар ним сол 80 ҳазор зани муҳоҷир ба Тоҷикистон баргаштаанд


Дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Мақомот мегӯянд, шумораи занони бозгашта аз муҳоҷират, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 тан зиёд аст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон 5-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз шумораи заноне, ки аз Русия баргаштанд, қариб 40 ҳазорашон ба Оҷонсии шуғли меҳнат муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ин мақомдор, бештар аз 19 ҳазори ин занҳо ба кори доимӣ таъмин шуда, қариб 10 ҳазори дигарро ба омӯзиши касб ҷалб кардаанд.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон тасдиқ кард, ки афзоиши бозгашти муҳоҷирзанон ба зиёд шудани тафтишҳои мақомоти Русия нисбати муҳоҷирон рабт дорад.

Дақиқ гуфта нашуд, ки чӣ теъдоде аз ин занҳо маҷбуран ихроҷ шудаанд, вале дар пайи ҳамла ба толори маҷмааи “Крокус”, ки чор тоҷикистонӣ барои даст доштан дар он муттаҳам мешаванд, шикоятҳо аз ихроҷи муҳоҷирон зиёд шуд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди моҳи марти имсол онҳоро бидуни сабаб ё баҳонаҳои кӯчак аз Русия меронанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Оҷонсии ҳавонавардӣ 24-уми июли имсол гуфт, давоми шаш моҳи имсол аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ ё депорт шудаанд.

XS
SM
MD
LG