"Аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳоло дар Бангладеш ҳастанд, даъват мекунем, бидуни зарурат маҳалли зисти худро тарк накунанд ва тадбирҳои амниятӣ ва тавсияҳои мақомоти он кишварро риоя кунанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Шайх Ҳасина, нахуствазири Бангладеш пас аз он ки ҳазорон эътирозгар ба иқоматгоҳи расмии ӯ ҳамла карданд, 5 август истеъфо дод ва ба Ҳинд фирор кард.
Муҳаммад Юнус, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел роҳбари давлати муваққати Бангладеш эълон шуд. Муҳаммад Юнус яке аз мухолифони қадими нахуствазири собиқ Шайх Ҳасина аст ва феълан дар Порис қарор дорад. Қарор аст ӯ базудӣ барои анҷоми масъулияти роҳбари давлати муваққат ба Бангладеш баргардад.
Эътирозҳои донишҷӯён дар Бангладеш ҳудуди як моҳ қабл оғоз шуда буд. Ин тазоҳуроти хушунатомез алайҳи саҳмиябандӣ дар қонуни хадамоти мулкӣ оғоз шуд.