Ссылки доступа

Вакили пешин Қирғизистон Салоҳиддин Айдаровро ба ҳабс гирифтанд


Салайдин Айдаров
Салайдин Айдаров

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон вакили пешини порлумони он кишвар Салоҳиддин Айдаровро ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои додгоҳ, Айдарови 55-сола рӯзи 8 август бо гумони "Маблағгузории гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" ба ҳабс гирифта шудааст. Додгоҳ дар мавриди боздошти вакили пешин ҷузъиёти дигар надодааст.

Пештар аз ин бо айни ҳамин гумон Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соҳибкор Ҷалил Отамбоевро боздошт карда буд. Додгоҳ ӯро низ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 6 август соҳибнуфузи олами ҷиноии узбекистонӣ Салим Абдувалиеваро бо гумони маблағгузории гуруҳи муташаккили ҷиноии Қамчӣ Асанбеков (Колбоев) дар кофтукоб эълом карда буданд.

XS
SM
MD
LG