Ссылки доступа

Домоди президент сафири Тоҷикистон дар Имороти Арабӣ таъин шуд


Ашраф Гулов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб таин шудааст. Фармони президент дар ин бора 16-уми август содир шуд.

Ӯ давоми се соли ахир сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмон, духтари президент аст.

Номи Ашраф Гулов соли 2023 дар пайванд ба як таҳқиқоти Радиои Озодӣ расонаӣ шуда буд. Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тирамоҳи соли 2023 маълум кард, ки муассиси "Сифат саноат" Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов аст. "Сифат саноат" либосҳои тиббӣ ва низомӣ медӯзад ва тендерҳои давлатиро соҳиб мешавад.

Ашраф Гулов, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат аст.

XS
SM
MD
LG