Аҳмадалиев, ки ба "расонидани зарари ҷисмонӣ" муттаҳам мешавад, бо дархости Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба ҳабс гирифта шудааст.
Қаблан Иттиҳодияи футболи Қирғизистон хабар дода буд, ки Аҳмадалиев ба хотири занозанӣ бо бозигари дигари "Мурас Юнайтед" дар рӯзи 15 август аз ҳаққи бозӣ ба муҳлати 5 сол маҳрум карда шудааст.
Дар пайи ин моҷаро ҳайати мураббиён ва мудири варзишии дастаро низ барканор кардаанд.