Хабаргузории узбекии “Podrobno.uz” иттилоъ дода, ки чанде қабл дар шаҳри Тошканд чанд мардро барои доштани риш ҷарима карданд.
Ин афрод бо қарори додгоҳ барои “ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо чеҳраи пӯшида, ки монеи муайян кардани шахсияти одам мешавад” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Дар миёни мардоне, ки ришҳояшонро иҷборан тарошидаанд, хориҷиҳо ва барандаҳои медали Бозиҳои олимпии шаҳри Париж низ ҳастанд.
Яке аз варзишгарони узбекистонӣ, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Париж ба онҳо дастур шуд, ки пеш аз тамоси видеоӣ бо раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев риши худро тарошанд.
Як сайёҳи олмонӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, риши ӯро, ки се сол боз бо он мегашт, дар Узбекистон иҷборан тарошиданд.