Ссылки доступа

Боздошти ду зани қирғиз дар робита ба ғуломии ҷинсии як духтари 15-сола


Дар робита ба ғуломии ҷинсии як духтари 15-сола дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ду зан боздошт шудааст.

Намояндаи ҷабрдида Ҷаҳонгир Сайфуллоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, зидди боздоштшудаҳо бо гумони "Ҷалби одамон ба танфурӯшӣ" парванда боз кардаанд.

Қаблан ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Ҷамила Чаманбоева хабар дода буд, ки як духтарро дар шаҳри Ӯш аз ғуломии ҷинсӣ наҷот додаанд.

Сайфуллоев изҳор дошт, "ӯро маҷбур мекардаанд, ки бар ивази маблағ бо мардҳои гуногун амалҳои маҳрамона анҷом диҳад".

XS
SM
MD
LG