"Аз боздоштшуда як корд мусодира шудааст. Дар натиҷаи тафтиш муайян шуд, ки ӯ аз соли 2006 дар қайди беморхонаи касалиҳои руҳӣ аст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст", - омадааст дар иттилоияи пулис.
Шахсияти гумонбар ошкор намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки ӯ 36 сол дорад.
Қаблан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон видеоеро аз як масҷиди Остона нашр карданд, ки дар он дида мешавад, марде дар даст корд дар назди маъмурони пулис аст.
Ба гуфтаи шоҳидон, гумонбар вориди масҷид шуда, гӯё раҳоии баъзе афродро аз зиндон талаб кардааст.
Тибқи иттилои Хабаргузории "Tengrinews.kz", ҳодиса 2 сентябр рух додааст. Канали телеграмии "Нома ба президент" навиштааст, ки ҳодиса ҳангоми суханронии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар порлумони он кишвар сурат гирифтааст.