Ссылки доступа

Оҷонсӣ мудири ширкати "Арса"-ро барои "қаллобӣ" дастгир кард


Мудири ширкати "Арса"-ро, ки бо ваъдаи ба Бритониё бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифтааст, дастгир кардаанд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки ҳарчанд ин ширкат иҷозатнома надошт, вале бо ин вуҷуд, аз корҷӯён ним миллион сомонӣ ҷамъ кардааст.

Ба навиштаи Оҷонсӣ, директори генералии "Арса" Одилов дар шаҳри Душанбе ба "қаллобӣ" мутаҳҳам аст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

"Ӯ аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, дидаву дониста аз он, ки ҷамъияти ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи давлати Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, аз шаҳрвандон аз 22 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар маҷмуъ 550 ҳазор сомониро гирифтааст",- омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло нисбати Одилов барои "қаллобӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мавқеи ширкат дар робита ба боздошти мудири он маълум нест.

Дар 5 моҳи охир ин дуввумин раиси ширкат аст, ки барои фиреби корҷӯён дар Британияи Кабир муттаҳам ва боздошт шудааст.

Моҳи майи соли равон Иброҳим Аҳмадов, раиси "Даври истиқлол", ки он ҳам бо ваъдаи ба Британиё бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифта буд, дастгир шуд.

XS
SM
MD
LG