Хадамоти гумруки Узбекистон хабар дод, ки масоҳати ин гузаргоҳ беш аз 3 ҳектар замин буда, рӯзона то 12 ҳазор кас метавонад тавассути он убур кунад.
“Дар гузашта шаҳрвандони Қирғизистон ҳам барои рафтан аз вилояти Ӯш ба вилояти Ҷалолободи он кишвар маҷбур буданд, ки 120 километр роҳро тай кунанд. Ҳоло масири онҳо 101 километр кутоҳ шуд ва метавонанд тавассути қаламрави Узбекистон равуо намоянд. Ҳамагӣ 19 километр роҳро тай мекунанд”, - омадааст дар иттилоияи хадамот.
Дар марзи Қирғизистон ва Узбекистон 15 гузаргоҳи марзӣ аст, ки баъди ҳодисаҳои соли 2005-и Қирғизистон якҷониба баста шуданд.