Хадамоти гумруки Узбекистон иттилоъ дода, ки ин гузаргоҳ 12 сентябр боз шуда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна, 10 ҳазор одам, беш аз 500 мошини боркаш ва зиёда аз 300 мошини сабукрав метавонанд тавассути он убур кунанд.
Ин гузаргоҳ дар ҳудуди вилояти Намангони Узбекистон, ки бо вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳаммарз аст, ҷойгир мебошад.
Як рӯз пеш гузаргоҳи марзии “Қарасу”-и Узбекистон ва Қирғизистон ҳам боз шуда буд.
Дар марзи Қирғизистон ва Узбекистон 15 гузаргоҳи марзӣ аст, ки баъди ҳодисаҳои соли 2005-и Қирғизистон якҷониба баста шуданд.