Дар робита ба ин ҳодиса, ки 9 сентябр ба пулис шикоят шуда буд, парвандаи ҷиноӣ бо банди «Таҷовуз» боз кардаанд.
«Гумонбарон Э.Э., соли таваллуд 2005 ва О.А., соли таваллуд 1999 бо қарори додгоҳ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шудаанд», - омадааст дар иттилоияи пулис.
Тибқи омори Додситонии кулли Қирғизистон, соли 2023 нисбат ба ноболиғон 406 ҷинояти вазнин содир шудааст. Аз ин миён, 160 парванда бо банди «Таҷовуз ба номус» боз гаштааст.