Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дода, ки қарори ба ҳабси хонагӣ гирифтани Улан Ҷабборов, писари писарамаки Содир Ҷабборов бо дархости муфаттишони Кумитаи амнияти миллии он кишвар содир шуда буд.
Улан Ҷабборов то 19 август ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда буд. Расонаҳо менависанд, Улан Ҷабборов ба он гумонбар мешавад, ки гӯё ба нафаре ваъдаи мансаби давлатӣ дода, дар ивази ин пул гирифтааст.
Ин бори дуюм аст, ки Улан Ҷабборов боздошт мешавад. Бори аввал ӯро моҳи июли соли 2023 бо иттиҳоми фасод боздошт карда буданд. Эрбол Султонбоев, сухангӯи раисиҷумҳур он замон гуфта буд, ки Улан Ҷабборов дар даст доштан дар фаъолиятҳои коррупсионии марбут ба Хадамоти гумрук гумонбар дониста мешавад.
Моҳи октябри соли 2023 додгоҳи ноҳияи Биринчи Май Ҷабборов ро ба ҳабси хонагӣ интиқол дод. Дар робита ба ин қазия низ тафтишот идома дорад.