Ссылки доступа

Боздошти сардори пешини Хадамоти назорати маводи нашъаовари Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон зидди сардори пешини Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари он кишвар Рафиқ Мамбеталиев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек гуфтанд, Мамбеталиев дар омодагӣ ба ғасби қудрат айбдор мешавад.

Додгоҳ рӯзи 13 сентябр дархости ҳабси пешакии ӯро рад кардааст. Мамбеталиев то 21 октябри имсол ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст.

Мақомоти интизомии Қирғизистон ҷузъиёти парвандаро шарҳ намедиҳанд. Вакилони дифои Мамбеталиев ҳам ҳозир нашуданд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Рафиқ Мамбеталиев дар сохторҳои интизомии Қирғизистон беш аз 10 сол кор кардааст.

XS
SM
MD
LG