Ссылки доступа

Баъзе аз муҳоҷирон аз таксиронӣ дар Русия даст мекашанд


Қонуну қоидаҳои нав дар Русия кору зиндагии муҳоҷиронро сахт кардааст. Аз ҷумла, дар тақрибан бист минтақаи Русия таксиронӣ барои муҳоҷирон манъ шуд. Ширкатҳои таксиронӣ гуфтаанд, эҳтимол то охири сол ба камбуди ронандагон рӯ ба рӯ шаванд.

Алӣ, муҳоҷир аз Қирғизистон, шикоят дорад, ки вақтҳои охир таксиронӣ дар Русия “бисёр мушкил” ва қарору қоидаҳои нав харҷро бештар кардааст. Дар 19 минтақаи Русия барои муҳоҷирон мусофирбарӣ манъ шуд. Тафтиши таксиронҳо зиёд ва аз моҳи сентябр онҳо вазифадор шудаанд, ки барои мусофирон ҳам бима (суғурта)-и тиббӣ бихаранд.

Бино ба омори созмони “Сифровой мир”, ҳамагӣ чоряки муҳоҷирон имкон доранд, ки шарту талаботи навро барои дарёфти иҷозаи таксиронӣ иҷро кунанд.

“Пештар ронандаҳои таксӣ зиёд буданд, ҳоло кам шудааст. Сабаби аслӣ мушкил будани сабтином аст. Бисёриҳоро бо номнависии қалбакӣ боздошт ва хориҷ карданд. Фикр мекунам, таксиронҳо 40 дар сад кам шудаанд. Аксарият бо хоҳиши худ мераванд,” – нақл кард ӯ.

Яке аз қоидаҳои нав барои таксиронҳо ин иваз кардани ранги мошин бо рангест, ки мақомот барои ҳар минтақа муайян кардаанд. Ҳамчунин доштани коғази муоинаи тиббӣ ва техникӣ зарур аст. Ба тахмини мутахассисони ширкати “Яндех Такси”, Русия то охири сол ба камбуди шадиди ронандаҳо рӯ ба рӯ мешавад.

“То охири соли 2024 дар Русия тақрибан 130 ҳазор ронандаи таксӣ намерасад. Сабаби ин камбуд ҳам сахттар шудани сиёсати муҳоҷират ва танзими кор дар ин самт гуфта мешавад. Аксар ронандаҳо ба корҳои дигар рӯ меоранд, корҳое, ки талабот ва тафтиши чандон зиёд надоранд,” – гуфт Антон Петроков, мудири бахши робита бо ниҳодҳои давлатӣ дар “Яндекс Такси”.

Дар пайи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” фишору тафтиши муҳоҷирон дар Русия якбора бештар шуд. Дар ҳафт моҳи соли 2024 Русия 100 ҳазор шаҳрванди хориҷиро берун кардааст. Ин омор ду баробар бештар аз соли гузашта аст.

Бексултон 6 сол боз дар ширкати “Яндекс Такси” кор мекунад. Мегӯяд, вақтҳои охир ширкат онҳоро ба пардохти пули бештар водор мекунад.

“Ба фарқ аз ҳар вақти дигар ҳоло нарх боло рафтааст. Масалан, агар пештар ба 1500-1600 рубл то фурудгоҳ мерафтем, ҳозир субҳ ба 2000-2500 рубл меравем. Субҳ талабот зиёд аст,” – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аксар таксиронҳо ҳоло барои иҷрои қодиаву талаботи нав имкон надоранд. Онҳо қисми зиёди даромадашонро барои кирояи мошин медиҳанд.

“Ҳама чӣ аз кор мемонад. Агар фишору давондани муҳоҷиронро идома диҳанд, барои худи Русия мушкил мешавад. Бо дасти худ барои худ мушкил эҷод мекунанд. Сиёсати зидди муҳоҷират ҷараён дорад. Ҳама чӣ сахттар мешавад. Ман фикр мекунам, сабаб ин аст, ки дар ҷанг одам намерасад. Муҳоҷиронро ҷалб мекунанд,” – гуфт ҳуқуқдон Эрланбек Тухтасунов.

Ширкатҳои таксиронӣ ҳадс мезананд, ки камбуди шадиди ронандаҳо сабаби болоравии нархи роҳкиро хоҳад шуд. Бахшу соҳаҳои дигар ҳам дар Русия ҳоло ба норасоии нерӯи корӣ мувоҷеҳанд. Аз ҷумла, фаррошу челонгар намерасидааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сабаб боз ҳам сахту мушкил шудани қоидаи будубош ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG