Ссылки доступа

Як масъули порлумони Узбекистон аз ВКХ-и Русия хост, "мушкили худро ҳал кунанд"


Алишер Қодиров ва Мария Захарова
Алишер Қодиров ва Мария Захарова

Латукӯби як хонандаи синфи шашум дар дарси забони русӣ дар Узбекистон ҷанҷолӣ шуд.

Модари хонанда дар "Фейсбук" навишт, ки писараш хостааст, муаллима дарсро бо забони русӣ гузаронад, на узбекӣ ва бинобар ин зери зарбу лат монд. Дертар паёмро аз шабакаи иҷтимоӣ пок карданд.

Ҳодиса рӯзи 23-юми сентябр дар мактаби рақами 188 дар Тошканд рӯй додааст. Навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Дар он дида мешавад, ки омӯзгор чанд дафъа ба рӯйи хонанда зада ва ба сӯяш дод гуфтаву таҳқир кардааст.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, гуфт, аз Узбекистон шарҳи расмӣ хостанд: "Дар равобити дӯстона, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлат ҷойи душманӣ, бахусус дар заминаи забонӣ вуҷуд надорад ва буда наметавонад."

Ӯ афзуд, ин масъала "мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор дорад" ва аз Узбекистон хоста шудааст, ки ба зидди гунаҳкор "чора андешад".

Алишер Қодиров, муовини раиси Маҷлиси Узбекистон, дар шарҳи суханони Захарова гуфт, дар мактаб ҳуқуқи кӯдак поймол шудааст ва тибқи қонунгузории кишвар чора андешида мешавад. Вай ҳамзамон гуфт, "ба ҷойи он ки нигарони корҳои дохилии мо бошанд, беҳтар аст, ба ҳалли мушкилоти худ машғул шаванд, ки хеле зиёд аст." Суханони Алишер Қодировро “Газета.uz” иқтибос овард.

Коршинос Комил Ҷалилов мегӯяд, Узбекистон давлати мустақил аст ва худаш метавонад мушкилоти вобаста ба тартибу интизомро дар мактабҳо ҳал кунад: “Шояд ба онҳое, ки ҳанӯз худро “бародари бузург” ё “хоҳари бузург” медонанд, бигӯем, ки Узбекистон давлати соҳибихтиёр аст ва худамон масъалаи интизомро дар мактабҳо ҳал карда метавонем.”

Дар Раёсати маорифи шаҳри Тошканд гуфтаанд, таҳқиқ нисбат ба омӯзгор идома дорад ва бар асоси он чора мебинанд. Ин рӯзи аввали кори ӯ дар мактаби рақами 188 дар пойтахти Узбекистон будааст.

XS
SM
MD
LG