Ссылки доступа

Таҳдид ба вакилони мудофеи гумонбарони ҳамлаи "Крокус"


Вакилони мудофеи гумонбарони ҳамлаи 22 март ба "Крокус Сити"-и шаҳри Маскав бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Вакилони мудофеъ ба ҷони худ ва наздиконашон таҳдид гирифтаанд.

Пештар хабаргузории ТАСС навишта буд, ки ҳеч вакили мудофее розӣ нашудааст, ки аз ҳуқуқи гумонбарони ҳамлаи 22 март дифоъ кунад. Акнун аз ҳуқуқи гумонбарон вакилоне мудофеа мекунанд, ки аз сӯи давлат таъйин шудаанд ва ҳаққи рад карданро надоранд.

Ҳамаи гумонбарони ҳамларо ҳукми якумрӣ таҳдид мекунад. Бино ба хабарҳои расмии охирин, дар натиҷаи ҳамла 139 кас кушта, 182 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

XS
SM
MD
LG