Ссылки доступа

Барқи Тоҷик аз "лимит" ва "зимистони бисёр сарду тӯлонӣ" хабар дод


Ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кард, ки зимистони имсол "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиатномае рӯзи 21-уми сентябр мушкилро ба камбуди об ва афзоиши аҳолӣ рабт дода, аз сокинон хостаанд, "ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд." Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳанӯз моҳи июл аз мардум хоста буд, ки "ангишт захира кунед".

Чандин нафар рӯзи 21-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз надоштани барқ дар хонаҳояшон дар баъзе аз гӯшаҳои Душанбеву Ҳисор ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ шикоят карда, мақомотро барои ҳал накардани ин мушкил дар бештар аз сӣ соли охир танқид намудаанд.

"Сохторҳои низоми энергетикии кишвар барои маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Захираҳои обию энергетикие, ки мо имрӯз дар ихтиёр дорем, ҳаминро тақозо менамояд... Ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ норасоии нерӯи барқ беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ карда шудааст," -- гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Масъулони "Барқи Тоҷик" ҳанӯз дар моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи "Роғун" пурра ба кор надарояд, лимити барқ дар кишвар мемонад. То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ сохта шудааст. Чарха ё агрегати сеюми “Роғун” бояд соли 2025 ба истифода дода шавад.

Як умеди аҳолӣ ин буд, ки пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ дар моҳи июл (пас аз танаффуси 15-сола) мушкили барқро ҳал хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкати "Барқи Тоҷик", ин иқдом ҳам наметавонад норасоии барқи Тоҷикистонро дар фасли сармо комилан бартараф кунад.

Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир аст, ки бо вуҷуди бунёди баъзе аз нерӯгоҳҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2018 дар маросими ба кор андохтани як чархаи нерӯгоҳи "Роғун" гуфта буд, ки дигар камбуди нерӯи барқ ба "афсона" табдил хоҳад ёфт. Аммо ҳақиқат он аст, ки аз он ба баъд ҳар сол дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Мақомот онро гоҳ ба таъмири зеристгоҳҳо пайванд медиҳанду гоҳ ба камбуди об.

Сарфи назар аз камбуди шадиди барқ дар дохил, Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Узбекистон нерӯи барқ мефурӯшад. Ба иттилои расмӣ, ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба хориҷа зиёда аз 715 миллион киловатт соат барқ содир кардааст, ки арзишаш ба беш аз 27 миллион доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG