Дар ин бора "Bloomberg" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳанӯз маълум нест, низомиёни Украина метавонанд ҳавопаймоҳоро дар ҷанг зуд истифода кунанд ё раванди омодасозии онҳо тӯл мекашад.
Киев то ҳол хабари дарёфти ҳавопаймоҳоро шарҳ надодааст.
Мақомоти Украина аз оғози ҳамлаи Русия дархост мекунанд, ки ба онҳо ҳавопаймоҳои ҷангии ғарбӣ дода шавад. Бахши украинии Радиои Озодӣ навишт, ки ИМА ва чандин кишвари дигар соли 2023 розӣ шуданд, ки ба Украина чунин ҳавопаймоҳоро диҳанд.
Нашрияи "The New York Times" иттилоъ дод, ки Украина то моҳи июли имсол шаш ҳавопаймои "F-16" дарёфт мекунад ва барои истифодаи онҳо 12 халабон омода карда мешавад.