Ссылки доступа

Дар Твери Русия як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар пайванд бо теракти "Крокус" боздошт карданд


Додгоҳе дар Твери Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо насаби Ашӯров боздошт кард. Додгоҳ гуфтааст, Ашӯров ду айбдоршавандаи теракти "Крокус Сити Ҳолл" бародарон Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро дар манзилаш сабти ном кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Ашӯров ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва ҳам Русияро.

Дар хабари додгоҳ омадааст, Ашӯров эътироф кардааст, ки бародарон Исломовҳоро дар манзилаш сабти ном карда буд.

Исроил Исломови 62-сола ва ду писараш Аминҷон ва Диловар Исломовҳо дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав боздошт ва ҳабс шудаанд.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 25-уми март ин се нафарро ба гумони "амали террористӣ" то охири моҳи май ба ҳабс гирифт. Вокуниши наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловари 24-сола, фурӯхтааст. Аминҷон шаҳрванди Русия аст.

Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки ин афрод дар ҳамлаи толори мусиқӣ нақш доштанд ва гуё онҳоро гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин дар моҳҳои январ ва марти имсол ҷалб кардааст. Тасдиқи он феълан аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Рӯзи 22-юми март чаҳор шахси мусаллаҳ ба толори консертии "Крокус" ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилои мақомоти Русия, бештар аз 140 нафар кушта ва зиёда аз 180 каси дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG