Ссылки доступа

"Рухсатнома ҳанӯз ҳаст." Созиши нав бо Узбекистон кай иҷро мешавад?


Баъзе аз ронандагони мошинҳои борбар гуфтанд, бо гузашти қариб як моҳ аз созиши нави Тоҷикистону Узбекистон, масъалаи рухсатнома ё "дозвол" ҳамчунон мондааст.

Онҳо аз мақомот мехоҳанд, ки ҳарчи зуд онро қабул карда, мавриди иҷро қарор диҳанд, то кашондани бор осон ва баҳои маҳсулот арзон шавад.

Созишномаи нав дар бораи лағви рухсатнома моҳи апрели имсол дар Душанбе имзо шуд. Масъулони Вазорати нақлиёт гуфтанд, тартиби нав баъд аз гузаштани расмиёт, аз ҷумла ризояти порлумон, ба иҷро медарояд. Санаи қабулаш дақиқ нест.

Гирифтани рухсатнома барои кашондани бор аз Тоҷикистон ба хориҷа ба воситаи хоки Узбекистон шаш сол боз ҳаст, аммо арзиши он дар моҳҳои охир баҳс барангехт ва ин бахшро ношаффоф ҷилва дод. Бар асоси санаде, ки нав имзо шуд, дигар чунин иҷозатнома талаб карда намешавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ронандаи мошини борбар Идибек Мирзоевро дар гузаргоҳи "Фотеҳобод", дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Узбекистон, дид. Вай гуфт, "агар рухсатномаро аз байн баранд, бисёр хуб мешавад. На фақат барои мо, балки хӯрокворӣ ҳам арзон мешавад. Ҳоло рухсатнома 160-170 доллар аст."

Моҳи январи имсол даҳҳо ронандаи мошини борбар дар гузаргоҳи "Фотеҳобод - Ойбек" ҷамъ шуда, аз мушкили дарёфти рухсатнома шикоят карда буданд.

Ронандагон он замон мегуфтанд, ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, мушкили гирифтани рухсатнома монеи сафар шудааст. Вазири нақлиёт гуфта буд, ки санадро аз Узбекистон мегиранд, на ин ки худашон нашру паҳн мекунанд.

Дар охири ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳи "Фотеҳобод" теъдоди мошинҳои борбар назар ба моҳҳои пеш кам ба назар мерасид. Асосан мошинҳои борбар бо рақамҳои хориҷӣ истода буданд.

Дар ҳар сурат, чанд ронандаи тоҷик, ки дар онҷо буданд, аз гаронии рухсатнома гила карда, ибрози умед намуданд, ки эҳтимол созишнома зудтар татбиқ гардад. Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам умед доранд, ки аз байн рафтани иҷозатнома "имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осеб ёфтани бор бисёр коҳиш ёбад".

Узбекистон дар тӯли шаш соли охир ба яке аз масирҳои асосии боркашонӣ барои Тоҷикистон табдил ёфтааст. Миёни ду кишвар 13 гузаргоҳ ҳаст.

Афзоиши нархи рухсатнома ва камчинии он борҳо боис ба ташвиши ронандагон дар Тоҷикистон шудааст. Дар гузашта ин масъала чанд дафъа расонаӣ шуда, мақомот ҳам ваъдаи ҳалли мушкилро дода буданд, вале масъала ҳамчунон монд.

Баҳси асосӣ ин аст, ки мақомот арзиши онро камтар ва ронандагон бештар мегӯянд. Азбаски дахлу харҷи ин соҳа ошкор нест, гумонҳоро дар бораи эҳтимоли нашаффоф будани хариду фурӯши рухтсанома бештар кардааст.

Соли гузашта наздик ба 80 ҳазор рухсатнома фурӯхта шудааст, ки ба ҳисобҳои тахминӣ ва бар асоси нархи гуфтаи ронандагон ба камияш 8 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG