Ссылки доступа

Ҷо Байден қонуни зидди TikTok-ро имзо кард


Ҷо Байден, президенти ИМА тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад. Пештар аз ин манъи фурӯши ин барномаро дар мағозаҳои Apple ва Google Сенат ва Палатаи намояндагони ИМА тасдиқ карда буданд.

Шабакаи иҷтимоии мазкур дар сурате дастнорас хоҳад шуд, ки агар молики он - ширкати ByteDance тиҷорати худро дар Амрико давоми нуҳ моҳи оянда ба каси дигаре нафурӯшад.

Ҷонибдорони маҳдудсозии TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии ИМА хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад, аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад.

Чанд манбаъ тасдиқ кардаанд, ки ByteDance бо ҳукумати Чин робита дорад ва сиёсати сензураи он кишварро риоя мекунад.

ТикТок, ки аз он наздики 170 млн амрикоӣ истифода мебаранд, гуфт, ин ширкат маълумоти корбарони амрикоиро ба ҷониби дигар надодааст ва ҳаргиз чунин дархостеро аз ҳукумати Чин нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG