Ба ин тасмими миллиардер қонуне сабаб шуда, ки масъулони мактабҳои маҳаллиро иҷозат намедиҳад, то ба волидони хонандаҳо гӯянд, ки фарзандони онҳо худро ҳамҷинсгаро медонанд.
Калифорния нахустин иёлати шуд, ки чунин қонунро қабул кардааст. Ҷонибдорони қонун мегӯянд, он ба ҳифзи сирри донишомӯзон ва пешгирӣ аз дахолати омӯзгорон ба муносибатҳои волидону кудакон мусоидат мекунад. Қаблан мактабҳо вазифадор буданд, ки волидонро дар бораи тамоюли ҷинсии фарзандонашон огаҳ кунанд.
Маск баъди қабули қонун гуфт, он ҳуқуқи волидонро поймол карда, ба кудакон осеби ҷуброннопазир мерасонад.
Телевизиони "CNBC" иттилоъ дод, ки меъёри андоз аз даромад дар Калифорния баландтарин дар ИМА мебошад ва Маск бо интиқоли дафтари марказии ширкат ба иёлати дигар миллиардҳо доллар сарфа хоҳад кард. Техас ба гуруҳи ҳафтгонаи иёлатҳое шомил мешавад, ки чунин андозбандӣ надорад.