Ссылки доступа

Дар Узбекистон истифодаи имомҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шуд


Идораи мусулмонони Узбекистон суханронии имомҳои масоҷиди ин кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд кардааст.

Ин ниҳод 27 май бо фиристодани огоҳинома имомҳои масоҷиди Узбекистонро вазифадор кардааст, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашаванд ва навиштаву наворҳои дигаронро дар Интернет написанданд.

«Вазифаи навбатии мо ворид нашудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Мо инро сахт назорат мекунем. Ин ба онҳое ҳам дахл дорад, ки ҳаҷ мекунанд. Ҳамчунин набояд зери навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ «лайк» гузошта шавад», - омадааст дар паёми садоии муовини имомхатиби шаҳри Тошканд Эргаш Рустамов.

Имоми яке аз масҷидҳои Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, манъи воридшавии онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ нақзи озодии баён аст. «Мегӯянд, ин фармони муфтии Узбекистон аст. Дасту пойи моро мебанданд», - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Қаблан аз имомон ва муовинони имомҳои масоҷиди Узбекистон талаб шуда буд, ки шиносномаҳои хориҷиашонро ба Раёсати маънавии мусалмонони кишвар супоранд. Сабаби ин тасмим низ шарҳ дода нашуда буд.

XS
SM
MD
LG