Ссылки доступа

HRW: Чин номи 3600 деҳаро дар Шинҷон иваз кардааст


Мақомоти Чин номи ҳудуди 630 деҳаро дар минтақаи худмухтори Шинҷон иваз кардаанд.

"Мақомоти Чин номи садҳо деҳаро дар Шинҷон иваз мекунанд. Ҷойи номҳоеро, ки барои уйғурҳо маънои ғанӣ доранд, номҳое мегиранд, ки таблиғоти ҳукуматиро инъикос менамоянд", – гуфтааст иҷрокунандаи вазифаи мудири Созмони ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" дар умури Чин Майя Ванг.

Бар асоси таҳқиқоте, ки HRW дар якҷоягӣ бо созмони "Uyghur help", қароргоҳаш дар Норвегия анҷом додааст, мақомоти Чин аз соли 2009 то соли 2003 номи беш аз 3600 минтақаи аҳолинишинро дар Шинҷон иваз кардаанд. Аз номи 630 деҳа истилоҳи мазҳабӣ ва вожаҳоеро, ки ба таъриху фарҳанги уйғурҳо рабт доранд, ҳазф кардаанд.

Ба гуфтаи Ванг, тағйири номи минтақаҳои аҳолинишин як ҷузъи талошҳои мақомоти Чин барои маҳви таърих ва фарҳанги уйғурҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Чин бештари номҳоро солҳои 2017-2019, ки ақалиятҳои миллӣ дар он кишвар сахт таъқиб мешуданд, иваз кардаанд.

Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯиё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG