Ссылки доступа

Сокинони селзадаи Қазоқистон тариқи додгоҳ ҷуброни бештар талаб доранд


Бархе аз сокинони шаҳри Кулсарии вилояти Атирауи Қазоқистон, ки дар натиҷаи обхезиҳо зарар дидаанд, бо ҳаҷми ҷуброни пешниҳодии мақомот розӣ нестанд.

Яке аз онҳо Олмагул Жауинбаева ҳукумати маҳаллиро ба додгоҳ кашида, барои хонааш, ки дар натиҷаи обхезӣ тахриб шудааст, ҷуброни бештар талаб дорад.

Ба иддаои Жауинбаева, бо 21 миллион танга ($44 ҳазор)-е, ки ҳоло мақомот пешниҳод кардаанд, ӯ наметавонад хонаашро барқарор кунад.

Комиссияи давлатӣ арзиши хонаҳоеро, ки дар натиҷаи обхезӣ дар Кулсарӣ осеб дидаанд ё тахриб шудаанд, муайян кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, ба 2650 соҳибхона ҳудуди 72 миллиард танга (беш аз 150 миллион доллар) ҷуброн пардохт шудааст.

Сокинони зарардидаи Кулсарӣ моҳи майи имсол бо талаби ҷуброни муносиб ҳудуди як ҳафта дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ эътироз карда буданд. Онҳо аз мақомот ба ҷои 200-240 тангаи пешниҳодӣ барои ҳар метри мураббаъ 400-ҳазортангаӣ талаб карданд.

XS
SM
MD
LG