Ссылки доступа

Дар Швейтсария конфронси сулҳи Украина баргузор мешавад


Ҳукумати Швейтсария миёнаҳои моҳи июни имсол бо ҳадафи ҷустуҷӯи роҳҳои қатъи даргириҳо дар Украина конфронси байналмилалӣ баргузор мекунад.

Баргузории ин конфронсро бидуни иштироки Русия президенти Украина Владимир Зеленский дархост кардааст.

Мақомоти Швейтсария ҳанӯз дар моҳи январи имсол гуфта буданд, ки омода ҳастанд, масъулияти ташкили конфронсро бар зимма гиранд. Замон ва макони баргузории ҳамоиш рӯзи чоршанбе эълом шуд.

Ба иттилои нашрияи "Blick", конфронс рӯзҳои 15 ва 16 июни имсол дар истироҳатгоҳи Бюргенштоки Нидвалден, дар наздикии шаҳри Лютсерн баргузор хоҳад шуд.

Дар изҳороти ҳукумати Швейтсария омадааст, ки конфронс бояд ба раванди сулҳ оғоз бахшида, ҳамчун платформа барои муколамаҳои сатҳи олӣ дар бораи ҷустуҷӯи роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ дар Украина бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва ойинномаи СММ хидмат кунад. Ҳамчунин нақшаи иштироки Русия дар раванди сулҳ дар Украина бояд дақиқ коркард шавад.

Маскав борҳо гуфтааст, агар ба гуфтугӯҳои Швейтсария даъват ҳам шавад, иштирок нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Русия, Швейтсария ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG