Ссылки доступа

Муҳоҷиронро аз таксиронӣ дар ду минтақаи Сибири Русия маҳрум карданд


Дар вилояти Новосибири Русия муҳоҷирони меҳнатиро аз таксиронӣ ва фурӯши обу сигор маҳрум карданд.

Бино ба қарори губернатори он вилоят Андрей Травников, ки 15 апрел имзо шуд, корхонаҳое, ки дар ин бахшҳо кор мекунанд, бояд "теъдоди коргаронашонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи қарор ба танзим дароранд". Дар қарор омадааст, ки ин тасмим "бо ҳадафи таъмини амнияти миллӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолии вилояти Новосибир" гирифта шудааст.

Губернатори Камчаткаи Русия Владимир Солодов низ рӯзи 16 апрел муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум кард.

"Ман бар ин назарам, ки ин тасмим ва сахттар кардани сиёсати муҳоҷират дар маҷмуъ имкон медиҳад, ки бозори мусофиркашониро бехатартар хоҳад кард", - навишт Солодов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Баъди ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Масква, ки ба иттилои расмии мақомоти Русия, онро шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом додаанд, муҳоҷирбадбинӣ дар он кишвар афзудааст.

XS
SM
MD
LG