Ссылки доступа

Вазорати дифои Украина гуфт, деҳаи Урожайноеро озод карданд


Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, нерӯҳои ин кишвар деҳаи Урожайноеро дар вилояти Донетск озод карданд.

"Урожайноеро озод карданд. Ҳомиёни мо дар ҷабҳаҳо устуворанд. Ҳамлаҳо идома доранд", - навиштааст ӯ дар Телеграм.

Вай қаблан хабар дода буд, ки нерӯҳои Украина се километри мураббаъро дар наздикии Баҳмут озод кардаанд. Маляр афзуд, аз моҳи июн ба ин сӯ ҷамъан 40 километри мураббаъ дар наздикии Баҳмут озод карда шуд.

Маляр рӯзи душанбе дар бораи "комёбии мушаххас"-и артиши Украина дар деҳаи Урожайноеи вилояти Донетск хабар дод. Ҳамла ба деҳаи мазкурро нерӯҳои украинӣ 8-уми август шуруъ карда буданд.

Расонаҳо охири ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки низомиёни Русия аз деҳаи Урожайное ақибнишинӣ мекунанд. Ин хабарро бештар блогерҳои низомии Русия нашр карданд.

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки ҳамларо ба деҳа хунсо кардааст, вале дар бораи ақибнишинӣ расман чизе гуфта нашуд.

XS
SM
MD
LG