Ссылки доступа

Мақомоти Русия мехоҳанд, будубоши хориҷиҳоро то 90 рӯз кам кунанд


Вазорати корҳои дохилии Русия таҳияи тарҳи қонунеро ба анҷом расонид, ки қонунгузории муҳоҷирати он кишварро сахттар мекунад.

Дар ин тарҳ омадааст, будубоши хориҷиҳо бидуни виза дар Русия то 90 рӯз таъйин ва супоридани маълумоти беометрӣ ҳатмӣ шавад. Дар ин бора намояндаи вазорат Ирина Волк хабар дод.

Вазорат ҳамчунин пешниҳод дорад, саҳифаи рақамии муҳоҷир ва феҳристи корфармоёну коргарони хориҷӣ тартиб дода шавад. Инчунин пешниҳод шудааст, ки ба муҳоҷирон санади ягонаи тасдиқкунандаи шахсият дода шавад. Он санад бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро иваз кунад, ки ҳоло муҳоҷирон дарёфт мекунанд.

Ҳангоми вуруд ба Русия хориҷиҳо ба ҷуз аз супоридани маълумоти биометрӣ бояд созишномаи содиқу вафодор монданро имзо кунанд. Дар ин созишнома муҳоҷиронро огоҳ мекунанд, ки дар сурати қонуншиканӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд. Бино ба тарҳи нави қонун, шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ҳам додгоҳҳо ва ҳам мақомоти иҷроия метавонанд, хориҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG