Бабурин бар асоси чанд банд, аз ҷумла терроризм, хиёнат ба давлат ва иштирок дар фаъолияти созмони ғайриқонунии низомӣ гунаҳкор дониста шудааст. Сокини Новосибирск бештари айбҳои эъломшуда алайҳашро рад мекунад.
Иля Бабурин моҳи сентябри соли 2022 дар доираи парвандаи нақшаи оташ задани бинои комиссариати ҳарбӣ боздошт шуд. Ӯ дар аввал баъзе аз қисматҳои парвандаро ба гардан гирифт, вале вакили дифоаш иттиҳомро тавтеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия номид. Дертар банди парвандаи Бабурин ба хиёнат ба давлат иваз ва як сол пас ӯро ба иштирок дар гуруҳи «Азов»-и Украина ҳам муттаҳам карданд.
Ҳолатҳо оташ задани комиссариатҳои ҳарбӣ дар Русия пас аз ҳамлаи ин кишвар ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва сафарбарӣ ба ҷанг зиёд шудааст.
Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи марказии Русия хабар дода буд, ки давоми як соли гузашта 77 бор талош шудааст, ки комиссариатҳои ҳарбӣ дар ин кишвар оташ зада шаванд. Масъулони додгоҳ гуфтанд, ки чунин ҳолатҳо ҳамчун ҳамлаи терористӣ дониста мешавад.