Ссылки доступа

Дар Олмон ҳамлагар ба иштирокдорони ҷашнро ҳабс карданд


Марде, ки шоми 23 август ба ширкатдорони як ҷашни идона дар шаҳри Золингени Олмон бо корд ҳамла карда буд, ба ҳабс гирифта шудааст.

Суриягии 26-сола, ки ному насабаш ба далели ҳифзи маълумоти шахсӣ ошкор карда намешавад, худ ба назди кормандони пулис ҳозир ва таслим шудааст.

Додситонии кулли Олмон рӯзи якшанбе аз додгоҳ ҳабси пешакии ӯро дархост карда буд.

Қаблан додситонӣ гуфта буд, ки ҳамлагар узви гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" мебошад.

Ҳамла замоне рӯй дод, ки сокинони маҳаллӣ барои тамошои консерти бахшида ба 650-солагии шаҳр дар майдони марказӣ ва наздик ба саҳна ҷамъ омада буданд.

Ҳерберт Ройл, вазири корҳои дохилии Рейни Шимоливу Вестфалия гуфт, ки марди мусаллаҳ ногаҳон ба ҳамла гузашта беназму ногаҳонӣ зарба мезад. Дар натиҷаи ин ҳамла се кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG