Порлумони Гурҷистон дар пайи як раъйгирӣ "вето"-и президенти ин кишвар Саломе Зурабишвилиро ба қонуни мазкур бекор карда буд.
Лоиҳаи қонунро бояд президенти Гурҷистон имзо мекард, вале дар сурати худдории президент қонунро раиси порлумони Гурҷистон имзо ва нашр хоҳад кард.
Саломе Зурабишвилӣ ахиран эълом кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузоштааст. Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карда буданд.
Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.