Ссылки доступа

Милей Оҷонси иктишофии Аргентинаро барҳам дод


Президенти Аргентина Хавйер Милей Оҷонси федеролии иктишофии ин кишварро барҳам дод.

Дар фармон Хадамоти иктишофии Аргентина ба "нокоромадӣ, ки боиси паст шудани обурӯи институтҳои демократӣ шудааст", муттаҳам мешавад.

Ба иттилои нашрияи "La Nation", мақомоти иктишофии Аргентина моҳҳои ахир ба чандин баҳсҳои додгоҳӣ ва моҷароҳо кашида шуда, ба гузаронидани амалиёти ғайриқонунӣ дар дохили кишвар низ айбдор гаштааст.

Маъмурияти Милей дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки санҷишҳо нишон додаанд, мақомоти иктишофии Аргентина ба ҷои ҳифзи мардум бо таъқибҳои мухолифон ва тиҷорати нуфуз дар кишвар машғул шудааст.

Дар хадамоти иктишофии Аргентина соли 2015 низ ислоҳот шуда буд. Он замон ба ҷои Котиботи иктишофӣ Оҷонси федеролии иктишофии Аргентина ташкил ёфт.

XS
SM
MD
LG