Ссылки доступа

Путин эълони пирӯзӣ кард. ИМА ва Украина: Интихобот озод ва машруъ набуд


Владимир Путин гуфт, ки интихоботи президентӣ дар Русия нишон дод, ки Маскав дар муқобилаи худ бо Ғарб ва ҳамла ба Украина, барҳақ аст. Бар асоси натиҷаи пешакӣ, Владимир Путин дар ин интихобот 87,32  дарсади ороро ба даст овардааст. 

Сомонаи расмии Комиссияи марказии интихоботии Русия хабар дод, ки Николай Харитонов аз Ҳизби коммунистӣ 3,86%, Владислав Даванков аз ҳизби "Халқи нав" 3,76%, Леонид Слуский аз Ҳизби либерал-демократ 2,97% овозҳоро соҳиб шуданд.

Бори аввал ин раъйдиҳӣ се рӯз - 15, 16 ва 17 март идома кард. Раъйдиҳии пеш аз муҳлат ҳанӯз 25-уми феврал оғоз шуда буд. Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи ин кишвар низ 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла, 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ба ин тартиб, Путини 71-сола, ки муддати 25-соли гузашта дар қудрат буд, боз ба ҳукуматдории худ идома медиҳад.

Маркази пажӯҳиши афкори умумии Русия мизони иштироки мардум дар интихоботро ҳудуди 75 дарсад гузориш додааст. Дар интихоботи қаблӣ ин рақам 67, 5 дарсад буд.

Хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки ҳеҷ ниҳоди назарсанҷии мустақил дар ин интихобот ҳузур надошт, то маълум шавад, ки аз 114 миллион нафаре, ки ҳаққи раъй додан доштанд, чӣ миқдори онҳо ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд.

Путин зимни суханронӣ барои тарафдоронаш дар Маскав гуфт, ки ӯ ба ҳаллу фасли ончи "амалиёти низомии вижа дар Украина" мехонад, авлавият хоҳад дод ва артиши Русияро тақвият мекунад.

Путин гуфт, "мо вазифаи зиёде дорем, ки ба анҷом бирасонем. Аммо вақте муттаҳид бошем, дигар муҳим нест, ки чӣ касе бихоҳад моро битарсонад ё саркӯбамон кунад. Чун ҳеҷ кас дар тӯли таърих муваффақ ба чунин коре нашудааст. Онҳо то ҳоло муваффақ нашудаанд ва ҳаргиз дар оянда низ муваффақ нахоҳанд шуд".

Интихоботи президентии Русия бо саркӯби шадид мухолифон ва дар набуди мухолифони воқеӣ баргузор шуд. Тибқи як ниҳоде, ки саркӯби мухолифон дар Русияро пайгирӣ мекунад, рӯзи якшанбе дастикам 74 эътирозгар дар Русия боздошт шуданд.

Ин интихобот таҳти чораҳои сахти амниятӣ ва бо ҳузури даҳҳо ҳазор пулис ва нерӯҳои амниятӣ ба муддати се рӯз баргузор шуд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи якшанбе эълон кард, ки интихоботи Русия озод ва одилона набуд ва ва Путин мухолифонро ҳабс карда, аз номзадии мухолифон барои рақобатҳои интихоботӣ пешгирӣ кард.

Дар ҳамин ҳол субҳи 18-уми март Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон бо ирсоли барқияи табрикӣ Владимир Путинро ба пирузияш табрик гуфта ғолибияти ӯро дар ин маъракаи сиёсӣ "ғолибияти баҳснопазир" номидааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, Путин мехоҳад барои ҳамеша дар қудрат боқӣ бимонад. "Тақлиди интихобот машруияте надорад. Путин бояд дар Додгоҳи Гаага муҳокима шавад".

XS
SM
MD
LG