Ссылки доступа

Путин гуфт, Толибон ҳампаймони Русия дар мубориза бо терроризм аст


Ҳайати Толибон дар Маскав
Ҳайати Толибон дар Маскав

Президенти Русия Владимир Путин гуруҳи тундрави "Толибон"-ро ҳампаймони Маскав дар мубориза бар зидди терроризм номидааст.

Путин дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки мизбони саммити Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой буд, изҳори назар кардааст.

"Гуруҳи Толибон қудратро дар кишвар дар даст доранд ва аз ин рӯ, онҳо дар мубориза бо терроризм барои мо ҳампаймон ҳастанд", - иқтибос овардааст хабаргузории русии ТАСС аз суханҳои Путин.

Толибон бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" муборизаи мусаллаҳона мебаранд. Маҳз шохаи афғонистонии ин гуруҳ - "Вилояти Хуросон" масъулияти ҳамла ба толори консертии “Крокус Ситӣ Ҳолл”-ро бар зимма гирифт. Аммо мақомоти Русия дар ин ҳамла Украина ё Ғарбро гунаҳкор мекунанд, на гуруҳро.

Русия ҳукумати Толибонро ба монанди кишварҳои дигар расман эътироф накардааст, вале ҳайатҳои гуруҳ ба чорабиниҳои Русия пайваста даъват мешаванд. Вазорати корҳои хориҷии Русия ахиран хост, Толибон дар кишвараш аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ берун карда шавад.

Путин о посредниках в переговорах с Украиной
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG