Ссылки доступа

Дафтари Радиои Озодӣ дар Рига ва Вилнюс боз шуд


Президент Радио Свободная Европа/Радио Свобода Джейми Флай
Президент Радио Свободная Европа/Радио Свобода Джейми Флай

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми январ дар Рига, маркази Латвия, дафтари нави худро боз кард.

Дар онҷо рӯзноманигорони чанд бахши русзабони радио, телевизиони "Настояшее Время" ва бахши нави таҳқиқотии "Система" ҷойгир хоҳанд шуд.

Аз ҷумла, бештари корҳое, ки қаблан ба уҳдаи дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав буд, ба пойтахти Латвия кӯчонда шуд.

Бюрои Маскав дар моҳи марти соли 2022 ва дар пайи ҷорӣ шудани сензураи ошкорои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти Русия дар ин кишвар баста шуд.

Президенти Радиои Озодӣ Ҷейми Флай дар як маросим дар Рига ба Латвия барои имкони ифтитоҳи дафтар изҳори сипос кард.

Ӯ гуфт, "рӯзноманигорони мо минбаъд низ фаъолияти софдилонаи худро барои огоҳ кардани мухотабон дар Русия ва берун аз он анҷом хоҳанд дод."

Ба ҷуз ин, дар Вилнюс, маркази Литва, идораи нави Радиои Озодӣ боз шуд. Хабарнигорон дар онҷо асосан ба забонҳои беларусӣ ва русӣ барои мухотабон дар Беларус матлаб омода ва пахш мекунанд.

XS
SM
MD
LG