Хабаргузории “72.RU” иттилоъ додааст, ки Қосимовро додгоҳ дар саркашӣ ва фирор аз хидмат айбдор донистааст.
“Ӯ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мезист. Қудратиҳои рус вайро дар онҷо боздошт карда, ба Русия бурданд. Қосимов ба гуноҳи худ иқрор кардааст”, - изҳор доштааст яке аз дустони маҳкумшуда ба хабаргузорӣ.
Комил Қосимов соли 2023 ба хотири иштирок накардан дар ҷанги зидди Украина аз Русия фирор кард. Ӯ моҳи апрели имсол дар Остона дастгир шуд.