Ссылки доступа

Фаъолеро, ки бо дархости Русия дар Қазоқистон боздошт карда буданд, озод карданд


Денис Козак
Денис Козак

Денис Козаки 19-сола, фаъоли мухолифи ҳукумати Русияро, ки бо дархости мақомоти он кишвар дар Қазоқистон боздошт карда буданд, аз ҳабс раҳо кардаанд.

Козак моҳи марти соли гузашта дар Қазоқистон боздошт шуда буд. Мақомоти Русияро ӯро дар "сафедсозии терроризм" айбдор мекунанд.

Созмони "Ковчек", ки аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумати Русия ҳимоят мекунад, мегӯяд, парвандаи Козак мураккаб буд, зеро "онҳоеро, ки бо парвандаҳои терроризм боздошт шудаанд, ҳимоят кардан бисёр душвор аст".

Сарфи назар аз ин душворӣ созмон тавонистааст, ки Козакро аз боздошти беасос озод кунад. Ҳоло вай визаи башардӯстонаи яке аз кишварҳои аврупоиро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG