Ссылки доступа

Вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳабс гирифта шудааст


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо пешниҳоди Додситонии кул дахлнопазирии вакилии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистонро бекор кард. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш, 12-уми июн ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" гуфт, рӯзи 14-уми июн Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон вакли порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро дар ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнуи Паймони миллии Тоҷикистон, як гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар хориҷ ва маслиҳати пешакӣ барои сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон, гунаҳкор кард.

Юсуф Раҳмон гуфт, Усмонзода дар соли 2021 бо Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст.

Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки "Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари амрикоӣ хоҳиш намудааст".

Вале дар хабар гуфта нашудааст, ки Усмонзода аз кадом намояндаи кишвари хориҷӣ ин маблағро талаб кардааст.

Парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода бар асоси моддаи 306, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон мавриди тафтиш қарор дорад. Ин банди қонун аз 15 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Назари Саидҷаъфар Усмонзода ва наздиконаш ба ин иттиҳом ҳанӯз маълум нест. Ва низ то кунун маълум нест, ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст ё не.

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи 14 июн Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ ё масунияти ҳуқуқӣ маҳрум карда шудааст. Аммо худи ӯ ҳанӯз рӯзи 12 июн боздошт шудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода аз камшумор вакилони порлумон буд, ки барои расонаҳои хабарӣ дастрас буд ва аз ҷумла, дар барномаҳои Радиои Озодӣ иштирок мекард.

Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳоле сурат мегирад, дар аввали моҳи майи имсол гурӯҳе бо раҳбари Шаҳбози Аброр Анҷумани ҳизб баргузор карданд ва кори Саидҷаъфар Усмонзодаро “ғайриқаноатбахш” дониста, ӯро барканор карданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми май анҷумани ҷанҷолии Ҳизби демократро дуруст шумурд ва Шаҳбози Аброрро раҳбари он эътироф кард.

Саидҷаъфар Усмонзода баъдан дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худро раиси қонунии Ҳизби демократи Тоҷикистон медонад, аз Вазорати адлия хост, қарораш дар бораи эътирофи Шаҳбози Аброр ба ҳайи раиси ҲДТ-ро бозбинӣ кунад.

Ҳизби демократ, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳои гуногун тақсим шудааст ва таърихи ин ҳизб пур аз ҷанҷолҳои дохилӣ ҳаст. Соли 2013 вақте ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда, Масъуд Собиров ва Раҳматулло Валиев худро раҳбарони ин ҳизб меномиданд, Вазорати адлия Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард.

Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2020 номзадии Усмонзодаро ҳамчун номзад сабт накарданд, вале ӯ баъдан вакили порлумон шуд.

XS
SM
MD
LG