Ссылки доступа

Шӯрои амният қатъномаи Русия дар бораи манъи ҷойгиркунии силоҳ дар кайҳонро рад кард


Постоянный представитель России при ООН Василий Небензя
Постоянный представитель России при ООН Василий Небензя

Шӯрои амнияти СММ қатъномаи пешниҳодии Русияро, ки кишварҳоро даъват мекунад, аз ҷойгиркунӣ ва истифодаи ҳама гуна силоҳ дар кайҳон худдорӣ кунанд, рад кард.

Аз миёни 15 узви шӯро танҳо 7 кишвар, аз ҷумла Чин, Алҷазоир ва Гайана қатъномаи Русияро ҷонибдорӣ карда, ҳафт кишвари дигар, бо шумули ИМА, Бритониё ва Фаронса зидди он раъй додаанд. Швейтсария аз раъйдиҳӣ худдорӣ кардааст.

Қатънома дар Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле қабул мешавад, ки 9 кишвар ҷонибдорӣ кунанд ва ягон узви доимии шӯро ба он "вето" нагузорад.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя гуфт, радди қатъномаи пешниҳодии онҳо нишон медиҳад, ки ИМА қасди низомисозии кайҳонро дорад.

Яке аз намояндагони ҳайати Бритониё дар навбати худ қатъномаи Русияро кушиши ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хабарҳои ахир ба самти дигар номид. Бино ба хабарҳои ахир, Маскав гӯиё моҳвораи наверо бо силоҳи ҳастаӣ коркард мекунад.

Русия моҳи апрели имсол ба қатъномаи пешниҳодии ИМА ва Ҷопон, ки ҷойгиркунии силоҳи ҳастаиро дар кайҳон манъ мекард, "вето" гузошта буд.

XS
SM
MD
LG